Ёдгор Файзов — хоксорӣ ва ё имиҷсозӣ?
Рӯзе қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пайдо гардид, ки дар даст бел чун шаҳрванди оддӣ ба тоза кардани ҷӯйбору заҳкашҳо машғул аст.
Ин расмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба бор овард. Аксари корбарон хоксории раисро таъриф намуда, амалашро намунаи ибрати дигар роҳбарон медонистанд. Гуруҳи дигари истифодабарандагон бошанд ин амалро як имиҷсозӣ унвон карда, тавсифашро зарур намедонанд.
Иқбол Тешаев дар саҳифаи фейсбукиаш зери унвони “Амали неки Раиси мардумии Бадахшон чӣ ҳикмате бо худ дошт..?” амали Ёдгор Файзовро чунин васф кардааст:
“Ягона иттилои хубу хушоянде, ки тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар сархати иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошт, ин хабари интишорнамудаи Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бобати бо иқдоми раиси вилояти мазкур Ёдгор Файзов ташкил гардидани шанбегӣ дар бозори марказии Хоруғ ва иштироки фаъолонаи муҳтарам Файзов дар ин маъракаи умумихалқӣ буд, ки мавриди пазиришу хушнудӣ таҳсину офарини ҳазорҳо ҳамватанон гашт.
Дар қатори ҳазорон корбарони фейсбукӣ нависандаи ин сатрҳо низ зери матлабу аксҳои Раиси мардумии Бадахшон бо камоли майл тугмачаи суперлайкро пахш намудам.
Дар асл, Ёдгор Файзов ба рекламаву имиҷсозиву таърифу таҳсини мо эҳтиёҷу ниёзе надорад!
Ҳадафи ман аз навиштани ин сатрҳо чист?
Маъмулани раисону роҳбарони мо дар мавсими ниҳолшинонӣ ширкат меварзанд, ин маъракаи некро оғоз мебахшанд.
Аммо, бори аввал аст, ки мо Раисеро мебинем, ки бел дар даст ҷӯйбор тоза мекунад..!
Раис бел дар даст ҷӯйбор тоза мекунад..!!!
Тоза кардани ҷӯйбор, аз партовҳо поку озода кардани муҳити зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби муҳтарам мазкур Ёдгор Файзов алалхусус дар ин рӯзҳо ҳикмате дорад ва аз муҳиммияти хоса бархӯрдор аст.
Шояд Ёдгор Файзов ба мо – ҳазорон ҳамватанони худ, аз ҷумла корбарони фейсбукӣ, ки шабурӯз дар паси оинаи компутару телефонҳои мобилии худ аз офати нави аср изтиробу нигаронӣ, воҳимаангезиву тарспароканӣ ва ҳарзагӯиву бечоранолӣ дорем, бо ин амали худ гуфтанист, ки манзилу муҳити зисти худро, ки воқеан ҳам пур аз ифлосиву партов аст, тозаю озода намоем.
Чун вирусу бактерияву… дигар ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ маҳз дар партовгоҳҳо макону манзил пайдо мекунанд.
Кош, ҳар яки мо аз иқдоми неку шоистаи ин Раиси мардумӣ амалан пайравӣ ва ҷонибдорӣ менамудем ва собит мекардем, ки моро сухану амал, забону дил якест..!?”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ