Тайёраҳои “Сомон Эйр” дар Душанбе фаромада натавонистанд
Тумани ғафс дар шаҳри Душанбе субҳи панҷшанбеи 10-уми декабр сабаби фуруди изтирории се ҳавопаймои ширкати «Сомон эйр» дар Хуҷанд гашт, ки аз Маскав, Новосибирск ва Сургут ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд.
Баъзе аз ин ҳавопаймоҳо баъд аз чанд бор талош барои фуруд омадан, маҷбур шуданд ба самти Хуҷанд ҳаракат кунанд.
Юсуф Маюсуфов, сухангӯйи фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки «соати 2 субҳи 10 декабр се ҳавопаймо аз Русия бо хатсайрҳои Сургут-Душанбе, Новосибирск -Душанбе ва Москва-Душанбе, ки ба ширкати ҳавоии «Сомон эйр» тааллуқ доранд, бинобар паст будани сатҳи биниш ба фурудгоҳи Душанбе нишаста натавонистанд ва ҳоло муваққатан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор доранд».
Вай дар идома афзуд, ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо ҳастанд ва баробари хуб шудани вазъи ҳаво, дубора ба фурудгоҳи Душанбе парвоз хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ