Тайёраи “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” ба Душанбе меояд
Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Uzbekistan Airways” (“Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”) хабар дод, ки рӯзи 5 январ, баъди қариб 10 моҳи танаффус, нахустин парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд сурат мегирад. Ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” соати 09:30 аз фурудгоҳи Тошканд ба ҳаво хеста, бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд биояд. Ин ҳавопаймо аз Душанбе соати 12 ба парвоз медарояд ва баъди як соат – соати 13 бояд ба Тошканд бирасад. Чиптаҳои парвозро метавон аз кассаҳои ширкат ваё дигар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо харидорӣ кард. Нархи парвоз ба як тараф 2,5 доллар (барои бизнес-класс – 225,5 доллар) муқарррар шудааст.
Парвозҳо байни Тошканду Душанбе рӯзи 16 марти соли 2020, дар пайи ошкор шудани нахустин ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон мутаваққиф карда шуданд. Дар тирамоҳи гузашта хабарҳое нашр шуд, ки парвозҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз 1 ноябр аз сар гирифта мешаванд, вале дар охирин лаҳза ин кор то соли нав ба таъхир гузошта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ