Тайёраи Олмон барои Навалний меояд

Ҳавопаймо аз Олмон омода аст, ки барои бурдани Алексей Навалний аз Русия ба ин кишвар парвоз кунад. Дар ин бора рӯзномаи олмонии Bild бо истинод ба фаъолони ҳуқуқи инсон хабар додааст.

«Ҳавопаймо бо мутахассисони беморони дар ҳолати кома қарордошта имшаб фуруд хоҳад омад. Агар Навалний субҳи барвақт интиқол дода шавад, ҳавопаймо фавран ба Берлин парвоз мекунад», менависад яке аз фаъолони ҳуқуқи инсон.

Субҳи рӯзи панҷшанбе котиби матбуотии блогнавис Кира Ярмиш гуфт, ки ҳавопаймо аз Томск ба Маскав парвоз мекард ва дар ҳавопаймо Навалний беҳуш шуд. Мошини ёрии таъҷилӣ баъд аз фуруди изтирории ҳавопаймо дар Омск, ӯро ба бемористн бурд. Вай дар ҳолати кома қарор дорад ва ба таври сунъӣ шушашро шамол медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *