Шамсиддин хонаи Худоро дуздид

Мақомоти милисаи ноҳияҳои Кушониён ва Вахш сокини 39-солаи ноҳияи Вахш Давлатов Шамсиддинро бо гуноҳи дуздӣ аз масҷидҳои ин минтақа дастгир кардаанд.

Шамсиддин Давлатов, ки қаблан ду маротиба бар асоси моддаҳои 244 (дуздӣ) ва 247 (қаллобӣ) суд шудааст, дар барномаи «Ахбори ВКД” эътироф кард, ки аз 10 масҷид асбобҳои сабткунанда, бо шумули камераҳо ва манбаи ҳифзи сабтҳо (база)-ро дуздидааст.Ӯ мегӯяд, молҳои дуздидаашро мефурӯхт ва пулашро барои зиндагии худ сарф мекард.Сухангӯи РВКД вилояти Хатлон Офоқи Қодириён дар гузориш гуфтааст, «дар асоси аризаи шаҳрвандон оиди аз масҷидҳои панҷвақтаи ҳудуди ноҳияҳои Кушониён ва Вахш аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани таҷҳизоти техникии сабткунанда, аз қабили манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), маниторҳо, камераҳои мушоҳидавӣ, аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил дода шуда, дар муддати кӯтоҳ гумонбари ҷинояти дуздӣ Давлатовро дастгир намуданд.”Дар умум Давлатов дар 16 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста мешавад. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз кардаанд.ВКД мегӯяд, дуздӣ ба сари худ як амали нангин аст, вале дуздӣ аз масҷид амалест боз ҳам нангинтар.

Тавре дар гузориш гуфта шуд, «дар ҳолати ретсидивӣ содир гардидани ҷиноят аз ҷониби Давлатов Шамсиддин ҷавобгарияшро дар назди қонун вазнинтар намуда, ӯро мебояд баҳои кирдорҳои содирнамудаашро пардозад.”Давлатов Ш. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандааш идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.