Таксиҳои Душанбе якранг мешаванд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 4 январи соли равон бо нашри хабар ғолиби озмуни лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксии пойтахтро эълон намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар  доданд, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур  ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди пойтахт, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмун 28 декабри соли 2018 бо Қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷамъбаст гардида, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Бадриддин Қурбонов қабул ва номбурда ғолиб эълон карда шуд.

«Ба Бадриддин Қурбонов, ки миёни шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар озмун ғолиб омад, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд», — илова намуд манбаъ.

Аз рӯйи расми ангоравии лоиҳаи қабулгардида, қисми болоии мошин зард аст, ду паҳлӯяш нуктаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти Душанбе дошта, дар он ҷойи навиштани рақами тамоси хадамоти таксии ин ё он ширкат ва реклама мавҷуд аст. Ин нишонаҳо дар бештари мамлакатҳои мутараққӣ ҳамчун намои ягона қабул гардидаанд.

Тибқи қарори баимзорасида, ширкатҳои нақлиётие, ки хизматрасонии таксиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадоранд то 15 июни соли равон воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

«Сохторҳои марбутаи соҳавӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати бо намои зоҳирии қабулгардида роҳандозӣ намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тадбирҳои мушаххас  андешанд», — хабар доданд аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *