Дуздӣ, одамкушӣ, қаллобӣ ва дигар хабарҳои ВКД

                                      Содир гардидани ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рӯзӣ 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, Алиназаров Ниёзмаҳмад Сангинович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ҳамин ноҳия даромада, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати шаҳрвандон: Ҳайдаров Мурод Амирбегович, соли таваллудаш 1985 ва Усмонов Муҳаммадҷон Абдуллобекович, соли таваллудаш 1988, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, суханҳои қабеҳ гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.

Баъдан, онҳо аз мағоза баромада, ба саҳни МТМУ №28-и деҳаи мазкур рафта, Алиназаров Н.С. бо ҳамроҳии ҷиянаш, Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ, соли таваллудаш 1991, нисбати Усмонов М.А. дашномҳои қабеҳ гуфтаанд, ки шаҳрванд Усмонов М.А., Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадиро лату кӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Баъдан, Алиназарзода А.З. ба хонааш рафта, бо ҳамроҳии амакаш Алиназаров Абдулқудус Сангинович, соли таваллудаш 1985, корди хоҷагиро гирифта, ба кӯча баромада, дар назди даромадгоҳи беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуши Абдуллобеки Усмониён, соли таваллудаш 1988, вохӯрда, байни онҳо ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст.
Шаҳрванд Алиназаров А.С. бо корд ба пушти сар, тарафи рости гардан ва қафаси сина аз тарафи рости Сиёвуши А.У. зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Инчунин Алиназаров А.С. аз беэҳтиётӣ, бо корд ба қафаси синаи Ҳайдаров М.А., ки дар рафти ҷанҷол ҳузур дошта, тарафҳои ҷанҷолкунандаро халос мекард, задааст.
Дар натиҷа, Ҳайдаров М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати Алиназаров А.С. бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиназарзода А.З. бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиназаров Н.С. ва Усмонов М.А. бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

                                      Қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 43-солаи сокини ноҳияи Восеъ дар он хусус ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2011 марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,05-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Шайнаки ҷамоати деҳоти Пахтакор 12 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

                                       Дуздии асал, компютер ва либосҳои занона аз хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Роғун бо ариза зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 2-юми январи соли 2019, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 84-кг асал, 1-адад компютери тамғаи “ЛҶ”, 1-адад магнитофон бо 2-калонкааш ва либосҳои занона, ки арзиши умумиашон 15 ҳазору 210-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Роғунро бо ҷурми дуздӣ дастгир карданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *