Таксирони тоҷикро бо мошинаш оташ заданд
Кумитаи тафтишотии вилояти Свердловск таҳқиқи куштори як муҳоҷири тоҷикро, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият дошт, ба анҷом расондааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқ муайян шуда, ки як шаҳрванди 62-солаи Русия дар шаҳри Туринск як ронандаи 25-солаи таксиро куштааст. Гуфта мешавад, ин амалро дар заминаи рашк анҷом додааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар курсии қафои мошин нишаста, аз таппончаи ғайриқонунибадастовардааш ду маротиба ҷониби ронанда тир парондааст. “Дар натиҷа ронандаи таксӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъди ин гумонбаршуда ҳамроҳи шиноси 33-солааш ҷасадро дар богоҷи мошин пинҳон карда, мошинро ба вилояти Тюмен рондаанд. Онҷо бо маслищати тарафайн мошинро бо ҷасад оташ задаанд”,-гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи тафтишоти Свердловск.
Ин ду нафарро суди шаҳри Свердловск дасгир намуда, рӯзҳои наздик ҳукми судашонро мебарорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ