Росия: Ёфт шудани Имномназир пас аз 4 сол (Видео)

Муҳоҷири 27-сола Имномназир (Назир)-ро аз ноҳияи Панҷ, ки аз зану ду кӯдак ва падару модараш рӯ гардонда буд,пас аз  4 соли ҷустуқуҳо бо кумаки Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷик пайдо карда ва аз Русия депортатсия кардаанд, ки ба назди пайвандон баргардад

 Чуноне аз видеои нимсоатае, ки Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷики Русия дар бораи ҷустуҷӯи фарзанди гумшудаи як хонаводаи тоҷикро нашр кардааст бармеояд, Имомалӣ Бобоев сокини деҳаи Пешқадами ҷамоати Намунаи ноҳияи Панҷ аз раҳбари ҷумбиши муҳоҷирон хостааст, ки писари 27-солааш Имномназир  ба ҳар роҳу ҳар қимате, ҳатто бо депортатсия ба Тоҷикистон баргардонанд.

Назир пас аз оне,ки дар соли 2014 ба Русия омадааст, дигар робитаро бо хонаводааш – падару модар ва зану ду духтари се ва панҷсолаааш – комилан кандааст. Маълум шуд, ки ӯ дар як деҳае дар вилояти Твер бо як зани 45-сола бо номи Оксана Лебедева ҳамзистӣ дошта, дигар ба Тоҷикистон рафтанӣ нест.

Каромат Шарифов, раҳбари ҷумбиши муҳоҷирони тоҷики Русия хабарнигорони як шабакаи телевизионӣ ва кормандони пулисро даъват карда, ҳамроҳ бо падари 54-солаи Назир рӯзи 17 март ба вилояти Твер рафт, ки ӯро халос кунад.

Оксана Лебедева ду дафъаи қабл, ки Имомалӣ Бобоев худаш мустақилона ба суроғи фарзандаш рафта буд, ӯро ба хонааш роҳ надода, гуфтааст, ки Назир аз ман аст ва ӯро ба касе намедиҳам.

Оксана танҳо баъд таз таҳдиди Каромат Шарифов, ки ин қазияро ба мақомот хоҳад супурд, розӣ шуд, ки сӯҳбати телефонии Назир бо раҳбари Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷикро ташкил кунад.

Назир дар ин сӯҳбат гуфт, ки майли мулоқот бо падарашро надорад, чунки онҳо вайро хафа кардаанд ва ҳоло ӯро маҷбур доранд, ки ба Тоҷикистон, пеши зану ду фарзандаш баргардад. Назир гуфт, ки мехоҳад инҷо дар Русия, пеши Оксана бимонад.

Ҳатто вақте Каромат Шарифов ба ӯ гуфт, ки модараш бемори бистарист, ба Назир корае накард.

Каромат Шарифов хитоб ба ин ҷавон дар гӯшии телефон мегӯяд: «Агар мард бошӣ, хайр, аз падару модарат рӯ гардондӣ, аз ду кӯдаки худат чаро рӯ гардондаӣ? Куҷост мардии шумо? Бо зани тоҷикат агар зиндагӣ кардан нахоҳӣ, талоқашро деҳ. Магар падари ту муваззаф аст, ки зану фарзандони туро хӯронаду пӯшонад?”

Кормандони пулис низ вориди манзили Оксана шуда, ӯро бозпурсӣ кардаанд. Як афсари пулис баъди ин бозпурсӣ ба падари Назир гуфт, ки писараш дар ҳақиқат севуним сол дар хонаи ин зан будааст, вале ҳоло инҷо нест, балки дар шаҳри Маскав будааст.

Аммо ҷумбиши муҳоҷирон бо пойфишорӣ ноил шуд, ки пулис дар ниҳоят рӯзи 20 март Назирро дастгир кунад. Як додгоҳи вилояти Твер рӯзи 21 март Назирро ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор карда, барои 5 сол аз Русия депортатсия кардааст.

Акнун падари Назир мехоҳад, ки ҳамроҳи писараш дар як ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ дар поёни навор хитоб ба дигар муҳоҷирони тоҷик гуфт: «Бачаҳои тоҷик ҳушёр шаванд, раҳгум назананд мисли писари ман.”

Каромат Шарифов мегӯяд, мисли Назир ҳазорон бачаҳои тоҷик ҳастанд, ки дар Русия ишқи нав пайдо карда, ҳам зану фарзанд ва ҳам падару модари худро дар Тоҷикистон фаромӯш кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *