Пирӯзиҳои нахустини «Вахш» ва «Помир»

8 апрели соли равон бозиҳои даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон бо пирӯзии дастаҳои «Хуҷанд»-у «Вахш» оғоз гардид.

Ин пирӯзии нахустини «Вахш» дар мавсими  нав бо ҳисоби   2:1 бар тими  «Регар-ТадАЗ» маҳсуб меёбад. добился в домашней игре– Се холи гаронбаҳоро ба даста зарбаҳои ҳадафраси удары Худойдод Узоқову Далер Умаров муяссар гардонд. Ягона голи «металлургҳо» -ро легионери рус Евгений Хотимский муаллиф гашт.

«Хуҷанд» нисбат ба «Панҷшер» бартарии техникӣ ва маҳорати бештар нишон дода, бозиро  2:1 ба фоидаи худ анҷом дод. Капитани футболбозони балхӣ Абдухалил Боронов бо зарбаи зебо тахмин аз сӣ метр аввалин шуда, ҳисобро кушод. Ҳамлагари хуҷандиҳо Дилшод Бозоров партофти ҳамдастааш Давронҷон Тухтасуновро моҳирона истифода карда, ҳисобро баробар намуд. Дар интиҳои қисми аввали бозӣ капитани «Хуҷанд» Манучеҳру Аҳмедов голи дуюмро вориди дарвозаи «Панҷшер» намуда, ғалабаи дастаашро таъмин кард,

9 апрел дастаи  КМВА «Помир» дар варзишгоҳи «Авиатор» «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул кард ва ғалабаи авваинашро бо ҳисоби 1:0 (муаллифи гол Шарафҷон Солеҳов, дақиқаи 56-ум)  дар мавсими нав соҳиб шуд. Ин имкон дод, ки низомиён бо 6 хол ба зинаи сеюми мусобиқа бароянд.

 Бозии охирини давраи панҷум соати 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:30 байни дастаҳои  «Истиқлол» «Ҳосилот» барпо мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *