Талаби 14 соли зиндон ба модари Дилшод Саидмуродов
Айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақаби “Дилшод С.Б.” ба 14 соли зиндон маҳкум шавад.
Дар ин бора “Озодӣ” хабар додааст.
Моҳи марти соли ҷорӣ Дилшод Саидмуродов, шахси асосӣ ва созмондиҳандаи одамрабоӣ ва куштори муовини раиси Ориёнбонк Шӯҳрат Исматуллоев ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Яке аз наздикони Соҷида Саидмуродова ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки талаби ҳукми ӯ 6 июн ба миён гузошта шудааст.
Соҷида Саидмуродова моҳи сентябри соли 2023 бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд. Манобеъи огоҳ хабар доданд, ки баъдан дар парвандаи Саидмуродова боз чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он; сохтакорӣ, тайёр кардан ё фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, мукофотҳои давлатӣ, штамп, мӯҳр, монеъ шудан ба адолати судӣ, пайдо шудааст.
Соҷида Саидмуродоваи 65-сола ба нафақа баромада, дар ягон ҷо кор намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ