Талаби ҳабси якумра ба генерали пешинаи амният

Айбдоркунандаи давлатӣ 21 январ барои генерали пешини Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (Хадамоти амнияти миллии пешин ё СНБ) Ҳаёт Шарифхоҷаев ҳабси якумрӣ талаб кард. Парвандаи Шарифхоҷаевро додгоҳи низомии Ӯзбекистон пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Ӯзбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла «сӯистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ» айбдор мешавад.

Ёдрас мешавем, сардори хадамоти таъмини амнияти ҳайати шахсии СНБ Ӯзбекистон Шарифхоҷаев 30 марти соли гузашта дар асоси баёноти сардори пешини Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, андоз ва пулшӯии ноҳияи Чилонзори ин кишвар Зиёдулло Иногамов боздошт шуд.

Он рӯз манзили зисти ӯ дар ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари пешинаш дар маҳаллаи «Бешагач» кофтукоб шуданд. Тайи чаҳор соли ахир ин бори дувум буд, ки Шарифхоҷаевро дастгир карданд.

Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чи гуна озод шуд, маълум нест.

Ба гуфтаи манобеъ, генерал Шарифхоҷаев ва бародари хурдиаш полковники амният Ҷавдат Шарифхоҷаев «маъракаи роҳандозишуда» зидди духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекарданд. Каримова моҳи декабри соли 2013 дар суҳбат бо нашрияи туркии «Ҳуррият» гуфт, бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасодкорӣ даст доранд.

Дертар Каримова бо нашрияи швейтсарии Bilan дар бораи фасодкории Ҳаёт Шарифхоҷаев муфассалтар суҳбат кард. Шарифхоҷаев он замон муовини раиси СНБ Ӯзбекистон Рустам Иноятов буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *