Талаби дуо барои Марям Исоева !
Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз тобонтарин ситораҳои театр ва синамои тоҷик, се рӯз пеш дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар касабаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ карда шудааст. Дар ин бора наздикони Марям Исоева хабар доданд ва аз ҳамаи мухлисони ҳунари ӯ барояш талаби дуо карданд.
Марям Исоева 84 сол дорад. Исоева Марям Неъматовна 1 майи соли 1937 дар деҳаи Сарихосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, соли 9154 мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе ва соли 1960 курси Б.Бибиков ва О.Пижоваро дар ГИТИС, Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Марям Исоева як соли аввал баъди бозгашташ аз Маскав дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камол Хуҷандӣ дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳунарнамоӣ карда, аз соли 1961, инак 60 сол боз дар саҳнаи театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақш меофарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ