Русия барои муҳоҷирон талаботи нави сахттар ҷорӣ мекунад

Охири моҳи декабри соли равон дар Русия қонуне ба иҷро медарояд, ки дар асоси он қоидаҳои сабти номи муҳоҷирон сахттар мешавад. Ин талабот ба хориҷиёне дахл дорад, ки ба қаламрави ин кишвар бидуни виза ва муддати дароз, яъне барои беш аз 90 рӯз ворид мешаванд.

Қонуни мазкур чанд моҳ пеш аз тарафи вакилони Думаи давлатии Русия қабул шудааст. Дар асоси қонун, гирифтани изи ангушти муҳоҷирон ва ташхиси тиббии онҳо ҳатмӣ аст.

Тамоми ин расмиётро муҳоҷирон дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба кишвар ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент бояд ба анҷом расонанд. Агар муҳоҷир барои гузаштан аз назорати биометрӣ ва тиббӣ саркашӣ кунад, муҳлати будубошаш дар Русия кам карда мешавад.

Дар сурати ошкор шудани бемориҳои хатарноки сироятӣ аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ, ба ӯ иҷозати дар Русия мондан дода намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *