Садди искандарӣ. Маскав роҳи муҳоҷиронро мебандад?

Чунин аст расми  саройи дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.

Абулқосим Фирдавсӣ

Чунин ба мушоҳида мерасад, ки рӯзҳои охир ин байти машҳури шоири шаҳир Абулқосим Фирдавсӣ шореҳи натоиҷи амалкардҳои бархе аз амалдорони Русия гардидааст.

Сухан ба дарозо намекашем. Руҷӯъ мекунем ба мақсад, ки меояд сари масоили муҳоҷирони корӣ. Мардикороне, ки бо ҷурми норасоии рӯзгор заҳри ғарибӣ мечашанд ва баҳри ҳамвор кардани мушкилоташон дар ватану ободии макон, дар кишвари бегона аз дилу ҷон заҳмат мекашанд. Мӯд шудааст, ки онҳоро, масалан мардуми мо «ноноварони хона» мегӯянд. Аммо кам ба андеша меравем, ки ин ноноварон дар давлати бегона чӣ мушкил ва чӣ рӯзгоре доранд!? Ғаму кулфати ғарибӣ, чандин санаду ҳуҷҷатбозиҳои саргиҷкунанда, таҳдидҳои гуногунҷанба, фиреббозиву қаллобиҳои бешумор пеши роҳи онҳо садди искандариянд. Вале ин ҳама сарсониҳои мард ва ҳатто занҳои муҳоҷирро нодида гирифта, баъзе чеҳраҳои бонуфузи рус мехоҳанд ин табақаи бе ин ҳам мазлумро чун фишанг барои бароварда кардани манфиатҳояшон истифода бубаранд ва овозаву ҳангомаҳои популистӣ сар медиҳанд.

Чӣ гуфтан мехоҳам? Дар бораи он, ки чанд рӯз пеш чунин як эъломи популистӣ аз ҷониби шаҳрдори Маскав Сергей Собянин садо дод. Ӯ изҳор дошт, ки «теъдоди муҳоҷирон дар майдонҳои сохтмонии шаҳри Маскав, ҳадди ақал дар доираи сохтмонҳое, ки шаҳрдорӣ фармоиш медиҳад, ҳудуди ду баробар коҳиш ёфтааст». Ҳамзамон, мавсуф зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии «Россия 1» гуфт, ки бо вуҷуди пандемия ва коҳиши муҳоҷирони кории хориҷӣ сохтмон дар пойтахт майли афзоиш дорад.

Акнун, шояд суол диҳед, ки чаро пештар аз «ҳангомаҳои популистӣ» сухан дар миён овардам? Бубинед, қабл аз ин худи Собянин дастур дода буд, ки шумораи муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар доираи навсозии Маскав кам карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, «дар чунин корҳо бояд худи шаҳрвандони ин кишвар бо маоши бештар ҷалб шаванд». Бадеҳист, ки вақте як дастур аз ҷониби мансабдоре баландпоя садо медиҳад, масъулияти бештар дорад ва натиҷаи қатъӣ талаб мекунад. Ва он мансабдор омода аст, ҳатто бо суханҳои ғайривоқеиву бепоя исбот кардан хоҳад, ки супориши ӯ иҷро шуда истодааст ва «шуҳрати беназир» дорад. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ гуфта наметавонам, ки ба ҳангомаи ҷаноби Собянин ҳама бовар карда бошанд. Зеро, ба зудӣ холӣ кардани бозори меҳнати Русия аз муҳоҷирон кори саҳл несту иддаои ин мансабдори рус ҳубоби рӯйи обро мемонад ва инро таҳлилгарон хуб медонанд. Агар шаҳрдори Маскав ба «коромадӣ»-и коргарон аз шаҳрҳои Русия эътимод кардаву ба ин тасмим ноил гардида бошад, воқеан ҳам, ҳалолаш бод. Вале шубҳаовар ин аст, ки як нафари калидии як давлати абарқудрат вақте дар бораи натиҷаи тасмимҳои худ ҳарф мезанад, чаро рӯй ба омори расмӣ намеорад, то даъвоҳояш боварибахш бошанд!? Масалан, барои ҷаноби Собянин ҳеҷ мушкиле надошт, ки ба таври мисол, аз ниҳоди зиддахл омори дар кадом корхона кор кардани чанд муҳоҷири тоҷик, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, чинӣ ва ғайраро дархост намояду мушаххас созад, ки аз он теъдод чанд нафар аз кор ихроҷ шуда ва ба ҷояшон «коргарони коромад»-и рус ҷалб гардидаанд!

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Мослента.ру» дар боби дастгирии чеҳраи «хабару саҳнасоз»-и рус Владимир Жириновский аз тасмими Собянин хабар дод, ки ӯ низ кам кардани муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Маскав авло донистааст. Ба андешаи хандаовари ӯ, «дар сохтмонҳо сокинони шаҳрҳои ҳамсояро қабул кардан лозим аст, аз Осиёи Марказӣ бошад, бояд маҳсулот харидорӣ намуд, то барои ҳалли вазъияти калавандаи марбут ба муҳоҷирон дар пойтахт мусоидат намояд».

Ҳаҳаҳа! Маҷбур-маҷбур механдӣ, ки о, харидории маҳсулот ба муҳоҷирони корӣ чӣ иртибот дошта бошад!? Хайр, ин суханро як нафар сиёсатмадори ба гуфтаи русҳо, «барҷаста», роҳбари як ҳизби маъруф гуфтааст ва шояд барои исбот далелҳо дошта бошад…

Аммо, нуқтаи назаре, ки олими рус, узви ҷомеаи фалсафии русӣ Александр Кононов дар суҳбат бо «Мослента.ру» изҳор доштааст, мантиқӣ ва лоиқи дастгирист. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ғайб задани теъдоди зиёди кормандони хориҷӣ аз пойтахт, москвагиҳо маҷбуранд ба корҳои боркашонӣ, ронандагӣ ва хаткашонӣ машғул шаванд, ки ин ба вайроншавии тиҷорат ва паст гардидани сатҳи иқтисодиёт оварда мерасонад.

«… Агар қаблан москвагиҳо бисёр равандҳоро аз ҳисоби меҳнати муҳоҷирон таъмину худ роҳбарӣ мекарданд, акнун — тамом, касе роҳбарӣ намекунад»,- изҳор доштааст ӯ.

Мо бошем, дар хулосаи ин матлаб бо дастгирӣ аз суханони олими рус умед мебандем, ки кош бо амалӣ гардидани тасмими «наҷиб»-и ҷаноби Собянин, дигар давлатҳои кордиҳанда имтиёзоти наву беҳтару мувофиқ муқаррар намоянд ва муҳоҷири корӣ, ки ба қавле, «зин ба пушт» аст, «пушти зин» барояд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *