Таманно Ализода — Тоҷикистон
Таманно
Зани тоҷикро хурсанд мехоҳам,
Ба лабгулханди ӯ гулқанд мехоҳам.
Нигоҳашро пур аз нуру шукуфоӣ,
Ба Наврӯзи Аҷам монанд мехоҳам.
Вуҷуди нозанинашро ба ишқи пок,
Ба нози нозукаш пайванд мехоҳам.
Маҳин ҳамчун бирешим риштаи меҳраш,
Ба зеби зиндагӣ дилбанд мехоҳам.
Ба дасти ӯ дуои мустаҷобаш бод,
Суханҳояш саросар панд мехоҳам.
Бимон, бинад ҳузури зодагони хеш,
Ризои ӯ ман аз фарзанд мехоҳам.
Зани тоҷикро дар хонадони хеш,
Сарафрозу саодатманд мехоҳам.
***
Умед …
Эй ватан, эй ҷойгоҳи кӯҳсорон,
Эй ватан, эй пойгоҳи обшорон.
Эй ватан, эй сарзамини сарнавиштам,
Рӯзи ман, рӯзии ман аз рӯзгорон.
Эй ватан, эй зодаи рангинкамонҳо,
Дар миёни офтобу абру борон.
Эй ватан, сабзанда дар домони кӯҳ,
Хуррам аз домони сабзи киштзорон.
Эй ватан, дар шифти долони дил ман
Лонаи ҷуфти парастуи баҳорон.
Хонадони мардумат обод бодо,
Эй ватан, эй кишвари умедворон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ