Тамокукашӣ оқибат ба бемории саратон меорад
Тамокукашӣ як одати маъмулӣ дар байни ҷавонон гаштааст. Кам одамоне пайдо мешаванд, ки сигор ё нос накашанд. Бархе чунин мепиндоранд, ки дуди сигор ба атрофиён зарар надорад, аммо он аз ҷумлаи маводҳои зарарнок маҳсуб меёбад. Мегуфтед, ки дар таркиби сигор кадом моддаҳо мавҷуд аст ва он чӣ оқибатҳо дорад?
Холмурод, сокини н. Рашт
Посухи ТУТ:
-Мутахассисони ҷаҳонӣ баъд аз тадқиқот муайян карданд, ки дар таркиби дуди сигор тақрибан 4000 моддаи зарарнок мавҷуд аст, ки аз онҳо 43 намудаш ба бемории саратон оварда мерасонад. Моддаҳои таркиби сигор N-нитрозаминҳо, амнокислотаҳо, акрилонитрил, бензол, атсеталдегид, полонӣ-210 ва ғайраҳо мебошанд.
Тибқи омори расмии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), ҳамасола аз кашидани тамоку 7 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора 6 милионаш ба сигор вобастагӣ дошта, 900 000 нафари он аз дуди сигор мефавтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ