Маҳмудҷон Алиев: Танҳо воя бемории сулфакабудакро пешгирӣ мекунад

Бемории сулфакабудак бемории шадиди сироятии роҳҳои нафаскашӣ аст, ки асосан кӯдакон аз он азият мекашанд. Ин беморӣ аз шахси бемор ба шахси солим ҳангоми атса, сулфа ва тамоси зич доштан сироят мекунад. Тавре Маҳмудҷон Алиев, мудири шуъбаи бахши сирояти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов дар суҳбат қайд кард, ягона роҳи пешгирӣ аз бемории сулфакабудак ин воягузаронӣ (ваксина) аст.  

Сулфакабудак то кадом андоза ба кӯдак хатарзо аст, ки бояд воя гирад?

-Гурӯҳи осебпазири ин беморӣ кӯдаконе ҳастанд, ки иммунизатсия нашудаанд. Волидон бояд кӯдаконашонро дар синни 2-3-4 моҳагӣ ва 1, 4 моҳагӣ бар зидди сулфакабудак воя гиранд, ки дар марказҳои саломатии минтақаашон мегузаронанд. Ин бемори идорашаванда буда, ба воситаи ваксинатсия сатҳи гирифторшавӣ ба он дар ҷомеа хеле паст шудааст. Аксари одамон аз надоштани фарҳанги тиббӣ, фикр мекунанд, ки баъд аз ваксина ҳолатҳои тахаллуҷӣ, яъне судоргӣ ба миён меояд. Аз тарси ҳамин фарзанди худро аз воягирӣ дур мекунанд. Бори дигар қайд кардан ба маврид аст, ки ягона роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ ваксина бар зидди сулфакабудак мебошад.

— Аз рӯи кадом ҳолатҳо муайян карда мешавад, ки кӯдак ба сулфакабудак гирифтор шудааст?

-Давраи ниҳонии беморӣ 14 рӯз буда, пас аз ин аломатҳои он намоён мешавад, ки давраи аввал назлавӣ ва баъдан сулфаи хуруҷнок мебошад. Давари назвалӣ, яъне нишонаҳои бемории зуком- ҳарорати баланди бадан, сулфа, атсазанӣ, рехтани оби бинӣ, хориши гулӯ дар бемор дида мешавад. Беморӣ аз рӯи сулфаи хуруҷнок муайян карда мешавад. Яъне, бемор дар як шабонарӯз  10 маротиба сулфаи хуруҷнок кард, давраи сабук аст. Дар ҳолати миёна бошад, дар як шабонарӯз то 20 маротиба сулфа мекунад. Аз 25 маротиба зиёд сулфа кунад, ҳолати вазнини беморӣ маҳсуб меёбад. Табиист, ки вақте кӯдак сулфаи хуруҷнок мекунад, чеҳра ва лабонаш кабуд мешаванд ва ба ин хотир, сулфакабудак меноманд. Баъдан аз сулфаи зиёд он ба нафастангӣ мерасонад. Ҳолати нафастангӣ хеле хатарнок аст, чунки вақти манъ шудани нафас, гази карбон аз меъёр зиёд шуда, миқдори оксиген кам гашта, майнаи кӯдак варам карда, то ба ҳолати марг оварда мерасонад.

-Чӣ боис мешавад, ки кӯдакро то ба нафастангӣ мерасонад?

— Асосан дар ҳолати вазнин қарор доштани кӯдак, ҳассосияти организми ӯ ба маводҳои доруворӣ ё хӯрока зиёд бошад, авҷи сулфаи хуруҷкунанда ба нафастангӣ оварда мерасонад, зеро дар ин ҳолат аз воситаҳои ёридиҳанда ба таври зарурӣ истифода намешавад. Сулфаи хуруҷнок то ду моҳ идома меёбад. Кӯдакон дар байни хуруҷҳо худашонро нағз ҳис мекунанд. Ҳангоми сулфа набудан, вақте муоина мекунед, ягон нишонаи заҳролудӣ нест, кудакон фаъоланд. Вақте сулфа пайдо мешавад, нишонаҳои беморӣ дида мешавад.   

— Чӣ боис мешавад, ки беморӣ ба давраи вазнинӣ мегузарад?

— Мутаассифона, фоизи зиёди беморон дар давраи сулфаи давомдор муроҷиат мекунанд, ки кӯдаконашон 2- 3 ҳафта ва ҳатто як моҳ пеш бемор шудаанд. Аз сабаби он ки муолиҷаи нодуруст мекунанд, беморӣ вазнин мегузарад.

-Барои паст кардани хатари сулфа чӣ бояд кард?

-Аз хӯрок ва ҳолати бемор вобастагии зиёд дорад. Модароне, ки кӯдакони синни ширмак доранд, бояд аз маводҳои ангезанда (аллергикӣ) ба монанди тухм, бирниҷ, шарбатҳо, баъзе кулчақанду шоколадҳое, ки ҳар гуна ранг ва хушбуйкунанда доранд, инчунин аз истифодаи атру хушбӯиҳо муваққатан худдорӣ кунанд.

-Чуноне қайд кардед, вақт барои табобат хеле муҳим аст ва аз даст додани он барои саломатӣ ҳатто хатарнок аст. Назари шумо ба одамоне, ки барои табобат ба зиёрати мазору сангҳо мераванд, чӣ гуна аст?

-Воқеан ҳам, мо шоҳиди чунин ҳолат шуда будем, ки бемор меояду барои 2-3 соат рухсат мепурсад, ки кӯдакашро ба гирди санги кабуд барад, ки ин асоси воқеӣ надорад. Чунки ҳолати бемор пеш аз рафтан ба санги кабуд ва баъди омаданаш якхел аст. Дар ҳолате, ки онҳо ба берун мебароянд, ҳавои тозаро нафас мекашанд, миқдори оксиген дар майнаи сар ва хуни кудак зиёд мешаваду ҳолатҳои хуруҷ кам мегардад, онҳо фикр мекунанд, ки камшавии сулфа аз ҳисоби мазор ё санги зиёраткардаашон мебошад, ки ин хато аст.

-Саволи матраҳ ин аст, ки чаро организми зиёди кӯдакон баъд аз воягузаронӣ тағйир меёбад? Умуман воя (ваксина) худаш чӣ аст?

-Баъди ҳар як воягузаронӣ, новобаста аз он ки бар зидди сулфакабудак аст ё гулафшон ё кузоз, сурхакон аст, ҳатман дар организм табадулоти органикӣ, биокимиёвӣ ва иммунологӣ ба вуҷуд меояд. Воя имкон медиҳад, беморӣ сабук дар организм гузарад, ки ҳолати шиносшавӣ номида мешавад.

Воя (ваксина) аз худи вирусҳо, заҳрҳо ва микробҳои сусткардашуда омода шуда, тариқи қатравӣ ва сӯзанзанӣ ба организми тифл ворид карда мешавад, то организми кӯдак бо намунаи вирус ё беморӣ шинос шуда, иммунитет масъуният пайдо кунад.

Баъд аз шиносоӣ бо системаи иммунологии кӯдак ҳолатҳои гуногун, аз қабили ҳарорати баланд, гум шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва гоҳҳо қайкунӣ ба вуҷуд меояд, ки боиси нигаронӣ нест.

Барои солимии кӯдак,  баланд бардоштани масъунияти кӯдак бояд реҷаи санитарӣ-эпидемиологӣ, яъне зимни тамоси наздик бо шахси бемор ниқоб пӯшидан лозим аст. Табобати беморӣ дар беморхона ва аз рӯи таъиноти маводҳои доруворӣ гузаронида мешавад.

Маҳина Давлатова, хабарнигор 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *