Танфурӯшии духтари тоҷик дар Дубай
Мақомоти Тоҷикистон як зани 32-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми ба Дубай бурдану дар онҷо ба танфурӯшӣ маҷбур кардани занони тоҷик дастгир кардаанд. Ҳафтае пеш як зани 24-сола аз Зафаробод, ки занони тоҷикро барои танфурӯшӣ ба Туркия мебурд, боздошт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 26 май дар ҷараёни як амалиёт як зани 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир шуд. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорати дохила, «гумонбаршуда, моҳи сентябри соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалб намудан барои истисмори шаҳвонӣ бо зани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, ӯро бо баҳонаи таъмини кор ба яке аз тарабхонаҳои шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб даъват намудааст.”
Сипас ба ин зани сода бо кумаки шарикаш Фотима ном зан раводиди сафар ва чиптаи парвоз мегиранд ва ӯ рӯзи 2 ноябри соли 2016 ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунад. Вале дар онҷо «гумонбаршуда зани 22-соларо ба асорати қарзии 7000-доллари амрикоӣ гирифтор карда, маҷбуран ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб намуда, талаб кардааст, ки бо роҳи танфурӯшӣ маблағҳои мазкурро кор карда диҳад.”
Ҳоло ба зидди ин зан парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Қисми сеюми моддаи 132-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ ба хориҷ бурдани одамон ҳамчун муҷозот аз 5 то 12 соли зиндонро муқаррар кардааст.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти афрод бо иттиҳоми ба хориҷа бурдану ба танфурӯши маҷбур кардани ҷавонзанҳои тоҷик хабар медиҳанд.
Ҳамагӣ 10 рӯз пеш – 17 май – вазорати дохила аз боздошти як зани 24-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳамчун гумонбар ба ҷалби одамон ба танфурӯшӣ хабар дод. Гуфта мешуд, ин зан «моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан ӯро ба шаҳри Истанбули давлати Туркия даъват кардааст.” Баъдан, аз ҳисоби худаш барои ин зан билети ҳавопаймо харида, «27-уми майи соли 2016, ӯро дар ш.Истанбул пешвоз гирифта, дар хонаи истиқоматии шиносаш ҷой намудааст. Зани гумонбаршуда шиносномаи хориҷии ҷабрдидаро гирифта, охиронро ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст.”
Ҳамин тавр, ду моҳ пеш вазорати корҳои дохилӣ гузориш дода буд, ки рӯзи 19 март як марди солхӯрдаи 68-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин марди кӯҳансол «аз моҳи майи соли 2016 то ин ҷониб бо мақсади истисмори шаҳвонӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваъдаҳои бардурӯғ дода, ба Арабистони Саудӣ равон намуда, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст овардааст.”
Ин мард аз ҷумла рӯзи 21 январи соли ҷорӣ як зани 36-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ваъдаи ҷои кор ба Арабистони Саудӣ фиристодааст. Вале ин зан дар он кишвари арабӣ зери истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст. Вақте падару модари ин зани тоҷик аз ин мард талаб кардаанд, ки духтарашонро баргардонад, «марди гумонбаршуда боз барои баргардонидани ӯ аз падару модари охирин 2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст.”
Ин сокини солманди ноҳияи Рӯдакиро рӯзи 19 март ҳангоми гирифтани 2000 доллар пул аз волидони он зан ба дасти мақомоти милиса афтод.
Қочоқи занону духтарон барои истисмори шаҳвонӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз масоилест, ки созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳояшон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ҳамеша зикр мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ба хотири аз байн бурдани ин интиқодҳо муборизаро бо қочоқи занон тақвият дода ва муҷозотро барои ин амал шадидтар кардаанд. Ҳамин тавр, ба хотири пешгирӣ аз қочоқи инсон бидуни ҳамроҳии хешу табор ба кишварҳои арабӣ сафар кардани духтарон ва занони то 30-сола аз Тоҷикистон манъ шудааст.
Моҳи сентябри соли 2016 бо кумаки молии Амрико дар раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати дохилаи Тоҷикистон як Маркази муқобила бо қочоқи инсон ташкил ёфт.
Танҳо дар соли 2013 мақомоти Тоҷикистон 72 мавриди барои истисмори ҷинсӣ ба хориҷ бурдани занону духтарони тоҷикро сабт кардаанд. Омори солҳои баъд нашр нашудааст.
Вале Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, дар 11 соли охир тақрибан 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди қочоқ қарор гирифтаанд. 347 нафари онҳо занону духтарони аз 14 то 47-сола ва 108 нафараш духтарони ноболиғ будаанд, ки шабакаҳои қочоқбар бо мақсади истисмори ҷинсӣ ба кишварҳои хориҷӣ бурдаанд.
Давлатҳои арабӣ, бахусус Арабистони Саудӣ ва имоати Дубай аз масирҳои асосии қочоқи занону духтарони тоҷик шумурда мешаванд. Дар бораи қочоқи занону духтарон аз Тоҷикистон ба Эрон, Туркия, Русия ва ҳатто ба Гурҷистон низ гузоришҳо ба даст мерасанд.
Қочоқбарон маъмулан бо ваъдаҳои бардурӯғ, чун кори хубу маоши баланд домани занону духтарони тоҷикро бо чормағзи пӯч пур мекунанд ва аксари онҳот танҳо баъди расидан ба он кишвар ва ба чашм дидани «ҷои кор»-ашон мефаҳманд, ки онҳоро ба фоҳишахона ва барои танфурӯшӣ фиристодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ