Карима Мулзам Пуркор — Афғонистон

Ишқ

Пир шуд фосилаҳо ишқ ҷавон аст ҳанўз,

Пораи хотираҳо вирди забон аст ҳанўз.

Дашти табдор ба умеди навозиш хуфта,

Абр болои сари баҳр равон аст ҳанўз.

Чеҳра ороста тасвири ту то ҳасрати ман,

Хуни ин марҳила аз дида чакон аст ҳанўз.

Бутали атри ҳаёт аз ту тиҳї шуд дерест,

Бўи лабхани ту дар шиша ниҳон аст ҳанўз.

Дастам аз нақди нигоҳи ту тиҳї гардида,

Субҳаи зикри ту сармояи ҷон аст ҳанўз.

***

Барқи талош

Танг аст осмону сафои ситора нест,

Як гўша ҳам зи пираҳани уқда пора нест.

Як тўта нур ҳам натаровад зи гўшае,

Дар дасти орзуи фалак низ чора нест.

Ҷамъе ба набзи тираи шаб хў гирифтаанд,

Умедшон ба лутфи тулўъи дубора нест.

Поизшон дамида бар рагҳои сабзи боғ,

Кўчи таворат асту навиди баҳора нест.

Ҳай мечаканд аз худашон то ҳарими яъс,

Дар чашмашон сафои сапеди назора нест.

Ҷамъе дигар ба дабдабаи ў умедвор,

Дар тўли арзашон ба ҷуз аз истихора нест.

Аммо яке зи барқи талошу умеди илм,

Шабро сапед карда ба фикри усора нест.

***

Оинаи фардо

Меҳри ту зулоли орзуҳои ман аст,

Сармояи эҳсоси баландои ман аст.

Ташреҳи ниҳоди ман зи чашмат ҷорист,

Тасвири ту оинаи фардои ман аст.

***

Саҷҷодаи эътимод

Аз боми уфуқ талиаи нур дамид,

Пайғоми сапедаро замин боз шунид.

Саҷҷодаи эътимоди дилҳо шуда боз,

К-аз боғи дуо ҳазор гул бояд чид.

***

Авҷи таманно

 

Дардест ба ҷони дил бе ҳамнафасам,

Дар бистари айём даруни қафасам.

Кў дасте, ки ин панҷараро боз кунад,

То авҷи фалакҳои таманно бирасам.

کریمه ملزم پرکار- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *