Тантанаҳои фарҳангӣ дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ

Тантанаҳои фарҳангии марказӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии имрӯз дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар оғоз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, тамоми мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди истиқолияти давлатӣ табрик гуфта, тазаккур доданд, ки неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо истиқлолият мебошад. Дар идомаи суханронӣ Роҳбари давлат зикр доштанд, ки дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар чаҳоряк асри соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.

Дар ниҳояти суханронии худ Пешвои миллат ҷашни 25 — солагии истиқлолияту озодии Ватанро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон таҳният гуфтанд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *