Танзим даромади мардумро афзуд?

Баъди қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пасандози мардум аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфт.

Ин нуктаро Муслиҳиддин Хоҷамировнамояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иброз доштааст.

Ӯ 22 май дар ҳамоише ба муносибати 10 солагии қабули қонуни танзим дар шаҳри Душанбе гуфтааст, баъди қабули ин қонун хароҷоти шаҳрвандон ҳангоми баргузории маъракаҳо 3 маротиба коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷамиров, бар асоси оморҳое, ки аз дигар вазорату идораҳо пешниҳод кардаанд, баъди қабули ин қонун ҳамасола пасандози шаҳрвандони кишвар аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон аз пурра риоя нагардидани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин дастур дод, сари ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хараҷотҳои зиёдатӣ ҷиддан чораандешӣ намоянд. Ӯ таъкид намуд, ки мансабдороне, ки дар баргузор кардани маъракаҳо қонунро нақз мекунанд, аз вазифа сабукдуш хоҳанд шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *