Тарбузе, ки маззаи ананас дорад

Агар тарбузи аз бозор харидаатон рангаш зард барояд, ҳайрон нашавед, онро ба партов ҳам напартоед, зеро деҳқонони тоҷик аз ин ба баъд дар баробари тарбузи анъанавӣ намуди ғайриоддии зарди онро низ парвариш мекунанд.

Тарбузи зард бори аввал дар Хатлон зимни намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, дар рӯзи форуми тиҷоратии “Бохтарфуд-2022”, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, пайдо шуд. Он меҳмонони дохилию хориҷиро ба ҳайрат гузошт. Аллакай дар ҳамин чорабинӣ аз Русия, Қазоқистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб харидор пайдо кард.

Кишти тарбузи ғайриоддиро ду хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Ҷайҳуну Қубодиёни вилояти Хатлон озмоиш кардаанд, ки натиҷаҳои дилхоҳ додааст.

Наҷиб Ҳамроев, мушовир-маслиҳатдеҳи хоҷагиҳое, ки дар вилояти Хатлон бо усули обёрии қатрагӣ навъи тарбузҳои барвақтӣ, аз ҷумла тарбузи зард истеҳсол мекунанд, мегӯяд, тухмии ин навъи тарбузро онҳо аз Ҷопон дастрас намудаанд.

“Имсол кишти 3 навъи барвақтии тарбузро дар якчанд хоҷагиҳо санҷидем. Аз ҷумла, навъҳои тарбузи дурагакардашудаи (гибрид) зард, сиёҳ ва бедонакро кишт кардем. Мо тухмиро ба мисли тарбузҳои навъи ҷойдорӣ кишт кардем. Ҳамаи корҳои агротехникиро дар вақту соати муайян иҷро карда, бо усули обёрии қатрагӣ парвариш кардем”,- мегӯяд Наҷиб Ҳамроев.

Хоҷагидороне, ки навъҳои нави тарбузи барвақтиро кишт кардаанд, мегӯянд, ки тарбузи зард аз тарбузи сиёҳ ва бедонак дида ба иқлими вилояти Хатлон мувофиқтар аст. Онҳо чанде пеш ҳосили тарбузи зардро гирифтанд ва дар муқоиса ба тарбузи маҳаллӣ сифати онро беҳтар арзёбӣ карданд.

“Мо тасмим гирифтаем, ки соли оянда кишти ин навъи тарбузро зиёд кунем. Дар бозор талабот дорад ва ҳамчунин имкони содироташ ба хориҷ низ ҳаст. Парваришу нигоҳубинаш аз тарбузи муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надорад. Хубияш ин аст, ки бо иқлими мо мутобиқ будааст ва хуб нашъунамо ёфта, ҳосили қаноатбахш дода метавонад”,- мегӯяд кишоварз Муҳаммадюсуф Назризода.

Тарбузи зардро селексионерони хориҷӣ бо роҳи дурага кардани тарбузи оддии сурх бо тарбузи ёбоӣ кашф кардаанд. Навъи нави тарбуз ширинию серобиро аз тарбузи оддии сурх ва рангу бӯйро аз тарбузи ёбоӣ “мерос” гирифтааст.

— Тарбузи зард зоҳиран аз тарбузи муқаррарӣ фарқ намекунад. Пучоқи тарбузи зард ҳам хатҳои баланди сабз дорад. Он аз рӯйи ҳаҷм ва шакл ба тарбузи оддӣ монанд аст. Лекин онҳоро аз намуди дарунӣ ва таъму бӯй фарқ кардан мумкин аст. Тарбузи зард каме маззаи ананас дорад. Аввалан парвариш ва истифодаи тарбузи зард дар кишварҳои Баҳри Миёназамин ва Таиланд хеле маъмул буд. Пасон, дар Русия низ ин навъи тарбуз пайдо шуд. Он ҳатто дар баъзе минтақаҳои Урал ва Сибир, ки он қадар офтобӣ нест, мерӯяд ва ҳосили хуб медиҳад”,- таъкид дошт Наҷиб Ҳамроев.

Ноҳияи Ҷайҳун (дар гузашта Қумсангир) кайҳо боз дар кишти тарбуз маъруф аст. Аслан тарбуз бештар дар навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон парвариш мешуд. Ҳоло бошад, қариб дар ҳама ноҳияҳои иқлимашон гармтари кишвар парвариш мешавад. Дар қиёс тарбузи Қумсангир дар бозорҳои кишвар бештар машҳур аст. Имсол деҳқонони ҷайҳунӣ боз ҳам тавонистанд ҳамаро бо тарбузи зардашон дар ҳайрат гузоранд.

Диловар ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *