Таркиш дар назди қабри Муҳаммад(С) дар шаҳри Мадина(ВИДЕО)
Мақомоти интизомии Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд, ки дар таркиши Масҷид-ул- Набии шаҳри Мадина- наздикиҳои қабри ҳазрати Муҳаммад(С), яке аз марказҳои муқаддаси ин шаҳр 4 маъмури амниятӣ кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, террористҳо дар наздикии маҳалаи дафни ҷасади Паёмбари Ислом Муҳаммад(С) ин таркишро созмон додаанд, ки дар кутоҳмуддат пешигирӣ карда шудааст.
Телевизиони «Ал-Арабия» хабар медиҳад, ки дар бегоҳии рӯзи Душанбе маъмурони амниятӣ машғули ифтор будаанд, ки як ҷавони 17-сола ба баҳонаи ҳамроҳ шудан ба ифтор ба онҳо наздик мешавад ва худро метарконад.
Гуфта мешавад, ки дар ду рӯзи ахир дар шаҳри Мадина, шаҳри Қатиф дар шарқи Арабистон ва дар Ҷидда таркишҳои террористӣ анҷом шудааст. Ин таркишҳо дар охирин рӯзҳои моҳи Рамазон ва дар осонаи иди рамазон созмон дода шудааст.
Дар як ҳафати ахир дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс чандин таркишҳои террористӣ ба вуқуъ паваст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ