Паёми идонаи Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Саиди Фитр

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмӣ табрикӣ, ки дар шабакаҳои расмии телевизион пахш шуд, мардуми кишварашро ба муносибати фаро расидани Иди моҳи мубораки Рамазон табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти презизенти Тоҷикистон мегӯяд, дар паём презизент таъкид мекунад, ки моҳи мубораки Рамазон аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони тоҷик аст: “Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд”.

Дар идомаи ин паём таъкид мешавад: “Зеро Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ муқаррар кардааст. Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст”.

Ӯ дар ин паём ба мадуми тоҷик оромиву осудагӣ ва пешрафту тараққиётро тамонно кардааст: “дар ин рӯзи саид аз Парвардигори олам барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии ҳамдигар ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми мусулмони мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем. Ва ба даргоҳи Худованд дуо кунем, ки то моҳу иди Рамазони дигар кишвари биҳиштосо ва мардуми шарифи моро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад”.
Ҳамчунин, президенти дар ин паём таъкид мекунад, ба қадри неъмат расидан ва ба ҷо овардани шукронаи неъмат аз ҷумлаи фазилатҳои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик аст:“Яъне ҳамаи маросиму ойинҳои миллии мо, ба шумули иди саиди Фитр бароямон рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, оромиву ободии кишвар ва аз рӯйи имону эътиқод дӯст доштани Ватан ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди миллату давлати мо, ки албатта, сазовору арзандаи ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли он халқи Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки Ватани хешро бо дасти худ ва бо заҳмати софдилонаи хеш обод гардонад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *