Таркиш дар як корхонаи газ дар Самарқанд (видео)

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шоми 9-уми май дар як нуқтаи сӯзишвории моеъ барои мардум дар ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд таркиш рух додааст.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, дар натиҷаи ин сӯхтор 3 мошин ва баллони 50-литрии гази моеъ ба коми оташ рафтааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳодиса дар натиҷаи вайрон кардани коидаҳои бехатарии техникӣ ҳангоми ба зарфи нигоҳдории истгоҳ холӣ кардани газ аз мошини гази MAN ба амал омадааст.

Бино ба маълумоти бадастомада, як кас захмӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир бошад, корҳои рафъсозии оқибатҳои ин ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *