Боздошти ронандаи таксӣ барои ишораҳои ғайриахлоқӣ

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки дар асоси муроҷиати як шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсия Қадриддин Розиқов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Солярес”, ки рақамҳои қайди давлатиаш 9058ТТ05 мебошад, боздошт карда шудааст.

Тибқи хабар, ронанда сокини маҳаллаи “Ховарон” буда, соли таваллудаш 1999 будааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар ширкати “Сафар Ориён” ба ҳайси ронандаи мусофирбар кор карда, субҳи 9-уми май дар кӯчаи М. Мирзобекови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул гардидан, садди роҳи як нафар ронандаи зан шуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Пас аз ин ронанда Қадриддин Розиқов аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ нисбати ӯ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидаааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *