Таркиши газ дар Қазоқистон: 12 захмиву 4 фавтида (видео)

Имрӯз бар асари таркиши балони газ дар як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауси Қазоқистон 12 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак ҷароҳат бардошта, 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дар шабакаи телевизионии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода шуд.

«12 нафар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, аз ҷумла 8 кӯдак: 5 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Чор нафар ҳалок гардидаанд. Эҳтимоли афзудани қурбониён вуҷуд дорад»,- қайд карданд дар вазорат.

Корҳои оперативӣ оид ба рафъи вайронаҳо идома доранд. Дар ҷои ҳодиса беш аз 30 техника ва ҳудуди 300 нафар наҷотдиҳандагон, аз ҷумла экипажи кинологӣ кор мекунанд.

Корҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби кормандони Гвардияи миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, табибон ва политсия низ анҷом дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *