Ҷудокорони тоҷик барои сабқат муайян шуданд

Ҷудокорони тоҷик, ки аз 7 то 13-уми майи соли равон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар иштирок мекунанд, муайян шуданд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.

Дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ мекунанд.

Дар вазни то 73 кило — Беҳрӯз Хоҷазода, то 81 кг — Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило — Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *