Ҳавои ғуборолуд чӣ зарар дорад? Тавсияи мутахассис

Имрӯзҳо дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, махсусан шаҳри Душанбе, «боди афғон» ҳукфармост. Ба ин хотир Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ ба шаҳрвандон аз зарар ва тавсияҳо хабар додааст.

«Вазъи боду ҳаво, махсусан, ҳавои чангу ғуборолуд ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида, он боиси пайдо шудан ва хурӯҷи  бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳавои номусоид сабаби хурӯҷи бемориҳои музмини узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо низ мегардад»,- омадааст дар хабар.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова мегӯяд, ки «бемориҳои мавсимӣ, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ (хунукии умумӣ), полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ, сирояти шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби бронху шушҳо ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво метавонанд авҷ гиирфта, ҷараёни бемориро вазнинтар гардонанд. Зеро, дар бадани шахсони гирифтори чунин бемориҳо ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ хурӯҷ намуда, медиаторҳои илтиҳоби ва аллергикӣ, ба мисли гистамин, серотонин, брадикинин зиёдтар ҷудо мешаванд ва равиши бемориро вазнинтар мегардонанд. Аз бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард бештар шахсони гирифтори бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои тарбодӣ дар ин вазъи ҳаво азият мекашанд».

«Дар чунин боду ҳаво ба беморони номбурда тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба сайругашт набаромада, ҳангоми аз хона берун шудан, ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд. Он доруҳое, ки пайваста истеъмол менамоянд, бо худ гиранд ва саривақт онҳоро истифода кунанд. Дар сурати бад шудани вазъи саломатияшон, фавран ба табиби оилавии минтақаи худ ва ё ба Ёрии таъҷилӣ занг зананд ва онҳоро ба хона даъват намоянд»,- иброз дошт номбурда.

Парвина Мухторова қайд намуд, ки новобаста аз чунин вазъи ҳаво, беморони мазкур бояд ҳатман реҷаи парҳезро риоя намоянд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хона ва утоқҳои кориашонро тоза нигоҳ доранд. Махсусан, бо матои намнок чангҳоро тоза намуда, беҳтар аст аз чангкашаки барқӣ истифода намоянд.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки ковокии бинӣ ва гулӯро бо маҳлулҳои соддаи 2% тоза карда, оби ҷӯшомадаи ширгарм, нӯшокиҳои гарм нӯшанд ва ба варзиш машғул шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *