Дӯстӣ

Идомаи иқдоми шоиста дар Дӯстӣ: 12 омӯзгори дигар соҳиби замин шуданд

Дар ноҳияи Дӯстӣ ба 12 омӯзгор замини наздиҳавалигӣ дода шудааст. Ин иқдоми шоиста дар дастгирии мутахассисони ҷавон ва бартараф кардани норасоии омӯзгорон мусоидат мекунад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат боз ба 12 омӯзгор замин барои бунёди хона дода шудааст.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар соли таҳсили 2022 — 2023 наздики 100 омӯзгор ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *