Парванда нисбати марде бо гумони шикастани тирезаҳои мағозаи рафиқаш

Бино ба иттилои мақомот, марде дар Душанбе тирезаҳои мағозаи рафиқашро зада шикастааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар нашр кард.

Шахси ин амалро содирнамуда Саидакрам Носирови 33-сола, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Меҳнатобод гуфта мешавад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “номбурда аз рӯйи хусумату бадбинӣ ва бо мақсади тарс додану шӯхӣ кардан, дар рӯй ниқоб ва либосҳои сиёҳро пӯшида, шабона ба мағозаи фурӯши мебели рафиқаш рафтааст. Номбурда якчанд тирезаро шикаста, ҳамчунин бо ин амалу рафтораш оромии шаҳрвандонро низ халалдор сохтааст”.

Гуфта мешавад, ки нисбати ӯ бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *