Сомон Эйр

«Сомон Эйр» хати парвози Душанбе-Қошғарро кушоданист

Дар Душанбе таҳти роҳбарии шаҳрдори Қошғар Ясенҷон Яхеп ҳайатҳои роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» ва шаҳри Қошғари Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Чин масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи ҳамлу нақли ҳавоиро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ширкати ҳавоӣ, дар ин дидор аз ҷумла дурнамои кушодани хати парвоз дар масири Душанбе-Қошғар-Душанбе баррасӣ шуд.

«Дар ояндаи наздик метавонем ба шаҳри Қошғар, ки яке аз самтҳои кишвари Чин маҳсуб меёбад, парвозҳоро кушоем. Ин бешубҳа, кишварҳои моро боз ҳам ба ҳам меорад. Мо ният дорем, ки ба омӯзиши масъалаҳои ифтитоҳи парвоз шуруъ кунем»,- гуфт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати «Сомон Эйр».

Ҷонибҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *