футбол

Резаахбор: Аз тақдими либосҳои «Joma» то сафари Инфантино ба Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳои Лигаи олӣ сарулибоси варзишӣ бо рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар даста тақдим кард. Маҷмуаи ҳар даста аз ду навъи либос, танпўшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопўшҳо, пойафзол, ҷузвдонҳои варзишӣ ва ғайра, ки истеҳсоли ширкати испании «Joma» аст, иборатанд. Ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тўбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.

***

Рейтинги навбатии дастаҳои футзали ҷаҳон нашр шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ин рейтинг мавқеи худро нигоҳ дошт ва бо 996 имтиёз дар зинаи 50-ум аст. Дар байни дастаҳои осиёӣ Тоҷикистон дар зинаи 11-ум аст. Ба даҳгонаи дастаҳои беҳтарин Бразилия, Испания, Португалия, Русия, Аргентина, Эрон, Қазоқистон, Крувосӣ, Мағриб, Украина, Парогвой шомиланд.

***

FIFA рейтинги дастаҳои аъзояшро рўзи 6-уми апрел нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина ба поён рафта, бо 1182 имтиёз дар зинаи 109 қарор дорад. Даҳгонаи аввалро дастаҳои мунтахаби Аргентина, Фаронса, Бразилия, Белжик, Англия, Нидерланд, Крувосӣ, Италия, Португалия ва Испания ташкил медиҳанд.

***

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино барои ширкат дар Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) рўзи 1-уми май ба Тоҷикистон меояд. Дар бораи ба кадом масъалаҳо бахшида шудани ҷаласа хабар дода нашудааст. Дар анҷумани қаблии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва президенти нави CAFA интихоб шуда буд. Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсия, қароргоҳи ин созмон аз Тошканд ба Душанбе кўчонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *