Таркиши «Опел сидан» дар назди ошхонаи Ҳоҷиён (2акс)

Имрӯз, соати 12:30 дар назди бозори «Саховат», истгоҳи ошхонаи «Ҳоҷиён» мотори як автомашинаи тамғаи Опел-сидан ҳангоми ҳаракат карданаш дар мавзеи хеле серодами ин маҳалла таркидааст.

Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ронанда ҷавони 30-сола буда, хушбахтона бо худ мусофир надоштааст. Баъди сар задани таркиш дарҳол мардуми гирду атроф ба ёрӣ шитофта, оташи мошинро хомӯш карданд. Дар ин ҳодиса ронанда ҷароҳат набардошта бошад ҳам, дар ҳолати шок қарор дорад. Бояд гуфт, ки таркиш ба тамоми қисмҳои лозимаи мошин таъсири худро гузошта, ба оҳанпораи нодаркор мубаддал гаштаст. Ба ҷои ҳодиса дарҳол кормандони милиса ҳозир шуда, сабабҳои сар задани таркиши мошинро дида баромаданд. Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби сар задани таркиш дар гармии аз ҳад зиёди ҳаво буда, мотори мошин дар натиҷаи аз ҳад зиёд тасфидан ба таркидан расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *