Собирова: Сари хоҳарам аз тан ҷудо ва дасту пойҳояш пора-пора буд

Хоҳари пурармонам  Дилбар Собирова, ки 23 сол пеш бо сабаби марги шавҳар бева монда буд, бо хотири духтарчаи шашмоҳааш дубора шавҳар накард. Умрашро бо меҳнати сангин сарф кард, ки  ягона духтараш- Нилуфарро дар донишгоҳ хононда, баъди соҳиби маьлумоти олӣ шуданаш ба шавҳар диҳад.

Дилбари раҳматӣ  кори  вазнину пурхатари операториро дар заводи хишти ноҳияи Деваштич 35 сол боз иҷро мекард. Агарчӣ коргурез набуд, аммо камии маош ва вазнинии кор сабаб шуд, ки аз баҳри кори завод баромада дар ошхона кор кунад. Аммо баъди он ки хитоиҳо заводро хариданд диданд, ки дастгоҳро  коргари идоракунанда нест, ба ошхона омада бо ваъдаи баланд бардоштани маошаш хоҳаракамро бо зорию зурӣ ба кор бурданд.  

Вале соати 7-и бегоҳии 10 август дар корхонаи хишт фалокатбор, фалокате, ки аз тарс то ҳол ҳар яки мо дар худ нестем вафтид. Вақте ба корхона рафтам дидам, ки  сараш аз қисмати китф аз тан ҷудо, як даст ҷудо, пойҳо пора-пора, дилу ҷигар аз даридаҳои шикам берун ва несту нобуд шудааст…-нақл кард хоҳари марҳум-Хурсаной  Собирова.

Идомаашро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *