тарма

Тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб. Ба ҳаракати мошинҳои боркаш иҷозат нест!

Шаби гузашта дар километри 67-уми роҳи мошингарди Душанбе — Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб гардидааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон роҳ аз ғарами барф тоза карда шуда, ба ҳаракати мошинҳо аз ду самт иҷозат дода шудааст.

— Бо мақсади ҳифзи ронандагон ва мусофирон то ҳол ба ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, аз пойтахт ба самти Хуҷанд иҷозат нест,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *