Вагон

Садамаи 8 вагони гандуми барои Тоҷикистон муайяншуда дар Қазоқистон

Шоми 8-уми январ, соати 19-у 50 дақиқа дар истгоҳи Манкент дар ҷануби Қазоқистон як қатораи борбари гандум аз релс берун шудааст. Барои санҷиши ҳодиса комиссияи вижа таъсис ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки аз релс баромадани қатора ба ҳаракати қатораҳои дигар таъсир нарасонидааст. Барои рафъи оқибатҳои аз релс баромадани вагонҳо барқарорсозии истгоҳҳои Чимкент ва Арыс ба роҳ монда шудааст. Сабаби ҳодиса ҳоло маълум нест.

“Дар ҳоли ҳозир маълум аст, ки гандум барои содирот ба Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд. Вақте вагонҳо аз релс берун мераванд, як қисми бор пора-пора мешавад”,- хабар медиҳад ElDala.kz.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти расида аз садама 1 миллиард тангаро ташкил медиҳад.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *