Таронаи муштараки Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев дар «Шоми дӯстӣ» (Видео)
Суруди «Замон, замони мост» (Замон бизники) тоҷикиву узбекӣ садо дод. Аҳли толор, аз ҷумла сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷой бархоста то анҷоми тарона қарсак заданд
Рӯзи гузашта, 9 март дар «Кохи Борбад» бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ҳайъати Узбекистон ва зиёиёни тоҷик консерти «Шоми дӯстӣ» баргузор шуд.
Дар барнома устодони ҳунари Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд. Дар оғоз раисҷумҳурони ду кишвар суханронӣ карда, ҳар ду ҳам аз дӯстии мутафаккирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуданд.
Дар консерт ҷониби Узбакистонро ҳунармандони маъруф Озодбек Назарбеков (бо суруди тоҷикӣ), Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров ва дигарон намояндагӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Мадина Ақназарова ва ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ансамбли «Шашмақом» ва дигарон баромад карданд.
Таронаи «Замон, замони мост» (Замон биздики)-ро Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов бо ду забон иҷро карданд. Ба истиқболи ин тарона ва ду ҳунарманди дӯст тамоми толор аз ҷой хеста кафкӯбӣ карданд.
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун,
Расми хуби узбаконро гум макун.
Замон замон — бизнинг замон, даврон бизники,
Қӯлимизда йеру осмон, имкон бизникӣ.
Замон, замон- замони мо, даврон аз они мост,
Замин осмон дар дасти мо, имкон аз они мост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ