Таронаи нави Рустам Азимӣ аз чӣ мегӯяд?

Рустам Азимӣ, овозхони шинохтаи тоҷик таронаи навбатии худро бо номи “Аҷаб ширинӣ” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

“Аҷаб ширинӣ” дорои намоҳанг буда, онро таҳиягарон дар тарабхонае сабт кардаанд. Дар намоҳанг дида мешавад, ки як гурӯҳи писарон ба тарабхона ворид мешаванд ва ба яке аз онҳо духтаре, ки бо дугонааш муштарии тарабхонаанд, писанд меояд ва то охири суруд барои ба даст овардани дилаш кӯшиш мекунад. Дар охир, ба ӯ гул туҳфа мекунад ва бо ҳамин намоҳанг ба охир мерасад.

Гуфтан бамаврид аст, ки сурудҳои Рустам Азимӣ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи он матолибе ҳастанд, ки ҳаводори зиёд доранд. Дар як шабонарӯз зиёда аз 70 ҳазор маротиба бозбинӣ шудани суруди “Аҷаб ширинӣ” гувоҳи гуфтаҳои болост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *