Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров вохӯрд

Имрӯз, 6-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, вохӯрд. Дар ин бора хадамоти мабуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар доираи шарикии стратегии ҳарду давлат баррасӣ намуда, инчунин ба  масъалаҳои мубрами сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.

Сарвари Тоҷикистон раванди рушди бомароми муносиботи ду кишвар дар ҳамаи самтҳоро хуб арзёбӣ карда, рушду густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро муҳим хондааст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) суханронӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин низ вохӯрда, масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ карданд. Инчунин номбурда дирӯз аз пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия низ дидан карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *