Ташкили фоҳишахона, ҳалокати ноболиғ ва дигар хабарҳои ВКД
Ҳалокати ноболиғ бар асари садамаи марговар
Рӯзи 28-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қаҳҳоров Неъматҷон Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд — Б.Ғафуров” дар рӯ ба рӯи “Қасри фарҳанг”-и шаҳраки Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ғафуров Фарҳод Сӯҳробович, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳраки Ғафуров, хонандаи синфи 5-уми Гимназияи №1-и ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Мутаассифона дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, ноболиғ Ғафуров Фарҳод Сӯҳробович ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо гумони ташкили фоҳишахона
Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 20-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 22-юми январи соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит муҳайё карда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 25-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 33-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Номбурда ҳамчунин, санаи 25-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздии қуттиҳои яхмос
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба Ҳодисаи дуздӣ марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе 3-қуттии яхмос, ҷамъ ба маблағи 14 ҳазору 400-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ