Вазорати кишоварзӣ: 136900 тонна меваю сабзавот ба хориҷи кишвар содирот шуд

Дар давраи ҳисоботӣ дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 136900 тонна меваю сабзавот ба маблағи 16 302 403 доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 18294 тонна зиёд мебошад. Инчунин 92990 тонна нахи пахта бо маблағи 181 605 596 доллари ИМА содирот гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои марбута ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *