Ташкилкунандагони кукштор дар Хованское ҷазо гирифтанд
Суди шаҳри Маскав дар ҳукми рӯзи 14 ноябри худ раиси собиқи як шӯъбаи корхонаи “Ритуал” Александр Чабуевро барои ташкили занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованское баҳори соли 2016 ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Дар ҳукми додгоҳи мунсифаи Маскав гуфта мешавад, ки «бо маҷмӯи ҳамаи ҷиноятҳо, баъди коҳиши як бахши иттиҳом, ба Александр Чабуев мӯҳлати 11 соли зиндони низомаш сангин муқаррар шавад”.Ташкилкунандаи дигари ин занонзанӣ – ҳаммуассиси ташкилоти варзишии «Здорова нация» Александр Бочарников ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст. Матбуот аз қавли вакилони дифои маҳкумшудаҳо навишт, ки ин ҳукмро «ғайриқонунӣ» арзёбӣ мекунанд ва аз болои он шикоят хоҳанд кард.Хабаргузории Интерфакс менависад, додгоҳ ва тафтишот муайян кардаанд, ки Чабуев ва Бочарников бо кӯмаки клуби варзишии «Здоровая нация» бетартибиҳои оммавиро ташкил карда, мехостанд муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳудуди кабристон берун кунанд. Аз баёноти шоҳидон бармеояд, ки маъмурияти қабристон аз муҳоҷирон талаб мекарданд, ки 50 то 90 дарсади даромадҳои худро ба онҳо бидиҳанд. Дар як изҳороти Прокуратураи генералии Русия, ки 14 ноябр дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аз рӯи ин парванда 16 нафар маҳкум шуданд ва ҳамаи онҳо аз 24 то 44-сола мебошанд. Дар миёни маҳкумшудаҳо сокинони вилояти Маскав ва Ҷумҳурии Чеченистон мебошанд. Инҳо: Юрий Чабуев, Александр Бочарников, Рашид Бисултанов, Элбек Вадуев, Маирбек Вадуев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Александр Мережк, Никита Мошенко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Артура Ҳоҷихонов, Зелимхон Ҳамзатхонов, Сергея Улихин, Лечи Яҳёев ва Элисхон Яҳёев. Аз миёни маҳкумшудаҳо, се нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла Элбек Вадуев ба 11,5 соли ҳабс маҳкум шуданд. Валуев дар он муттаҳам шуд, ки савори мошини «ВАЗ» ва бо истифода аз зӯр ду ҷабрдидаро пахш кард ва дар натиҷа онҳо ҷон доданд. Дигар маҳкумшудаҳо ба мӯҳлати 3,5 то 5,5 соли зиндон ҳабс шуданд.Клуби варзишии «Здоровая нация»-ро дар матбуот ҳамчун шӯъбаи ҷавонони ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои «Боевое братство» муаррифӣ мекунанд. Дар ҷараёни тафтишот аъзои ин клуб, ки таҳти бозҷӯӣ қарор доштанд, гуфтаанд, ки аъзои ин созмон бо дархости Чабуев ва дар «чаҳорчӯби назорати ҷамъиятӣ» масъулияти назорат аз қабристони Хованскоеро ба ӯҳда доштанд. Яке аз иштирокчиёни занозанӣ Сергей Улихин пурра ба гуноҳаш иқрор шуда, зидди дигар гумонбарон баёнот дод. Боз як нафар – Владимир Колесников ҳам ба гунаҳаш қисман иқрор шудааст. Нисбати дигар ширкатдорони бетартибиҳои оммавӣ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, таҳқиқи ҷудогона сурат мегирад. Дар ин бора қаблан Кумитаи тафтишоти Русия хабар дода буд. 14 маи соли 2016 дар назди даромадгоҳи марказии қабристони Хованское як занозании гурӯҳӣ сар зад, ки дар ҷараёни он аз силоҳи оташфишон ҳам истифода шуд. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин занозанӣ тахминан 200 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ва ҳам сокинони Қафқози Шимолӣ иштирок кардаанд. Дар натиҷаи ин моҷаро се нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ғайр аз ин, дар ин ҳодиса чанд нафаре, ки ба зиёрати қабри наздиконашон рафта буданд, осеб диданд. Аз ҷумла, ба як ҷуфти солхӯрдае ҳамла карданд, ки барои зиёрати қабри писарашон рафта буданд. Ҳамлагарон мехостанд мошини онҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса фирор кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ