Афзалшо аз кор нарафтааст ва нақшаҳои дигар дорад

Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Вазорати фарҳанг хостааст, ки дар Филармонияи давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварда ва нафари огоҳ аз сиёсатро ба роҳбарии он таъйин кунад. 

Айни замон Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик раёсати Филармонияи давлатии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

​Раҷабгул Толибова – сардори раёсати кадрҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон –гуфтааст,ки  «ин масъала ҳоло дар баррасӣ аст. Феълан роҳбари Филармонияи давлатӣ иваз нашудааст. Бо ба амал омадани тағйироти кадрӣ ба Шумо маълумот хоҳем дод.»Толибова дар мавриди номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом ва кай таъйин шудани раиси нави Филармонияи давлатӣ иттилоъ надод. Худи Афзалшоҳ Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик ва роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, гуфтааст,ки  овозаи аз кор рафтани ӯро “бархе аз бадгӯён” паҳн кардаанд ва он ҳеҷ асос надорад. Ӯ мегӯяд: “ман дар вазифаи худам ҳастам ва кор мекунам. Чаро бояд тағйироти кадрӣ шавад? Хуб кор кунед, чаро бояд тағйирот шавад? Коре, ки дар 50 соли охир касе накарда буд, анҷом додем. Филармонияро пурра таъмир кардем. Баъзе баддаҳонҳо овоза карданд, ки ана Афзалшоҳ аз кор меравад. Ин як овоза аст ва ягон асос надорад”. Шодиев гуфт,ки  се сол боз дар мақоми раиси Филармонияи давлатӣ фаъолият дорад ва корҳояш хуб пеш мераванд. Ин овозхон гуфт, ба наздикӣ муовини аввали ӯро иваз кардаанд. “Вазифаи муовини аввали раиси филармонияро Баҳром Тошев ба ӯҳда дошт. Ӯро ҳоло ба Иттиҳодияи консертии Вазорати фарҳанг гузаронидем ва ба ҷойи ӯ Нуралӣ Шоев, як шахси донишмандро таъйин кардем”, — шарҳ дод ӯ.Афзалшоҳ Шодиев гуфт, бо ин ҳол дар ояндаи наздик ният дорад баъзе аз тағйироти кадриро дар дохили Филармония амалӣ кунад. Ӯ гуфт, ният дорад, баъзе аз роҳбарони ансамблҳоро иваз карда, бархе кормандоне ҳам, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, аз вазифа сабукдӯш намояд.Афзалшоҳ Шодиев моҳи августи соли 2014 раиси Филармонияи давлатӣ эълон шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *