Ташкилоти қарзии “Тамвил” маҷбуран барҳам дода мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” маҷбуран аз тарафи суд барҳам дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, сабаби ин иқдом риоя накардани тартиботи барҳамдиҳии ихтиёрӣ буда, барои ин БМТ ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард.
“ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” қоидаҳо ва тартиботеро, ки қонунҳо муқаррар кардаанд, сари вақт иҷро накард ва ба ҳамин хотир БМТ мутобиқи қонунҳо барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба суд муроҷиат хоҳад кард”,- иттилоъ дода шудаст дар баёнияи Бонки миллӣ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон БМТ хабар дода буд, ки дархости ТАҚХ “Тамвил” барои бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуда буд. Иҷозатномаи “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 3-юми октябри соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2012 дода шуда буд, бозхонд ва аз эътибор соқит гардида буд.
Илова мекунем, ки дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуда буданд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ТАҚХ-ро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳанд. Ҳамзамон, комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор карда шуда буд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ