Ташрифи ҳайати БАТР ба БМТ

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои БМТ, дар мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва Туркия Георгий Орлов, роҳбари амалиёти департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, директор оид ба стратегияи иқлим ва татбиқи лоиҳа дар БАТР Мая Хеннеркес, иқтисодчии бахши маблағгузории иқтисоди сабз ва коршиноси БАТР Данин Чунг, директори генералӣ оид ба хавфҳои БАТР Лоуренс Уилсон ва бонкдори пешбари департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ дар Тоҷикистон Баходур Юсупов иштирок намуданд.       

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунии бахши молиявӣ ва низоми бонкии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар оғоз ба БАТР барои ҳамкории бисёрсолаи судманд арзи сипос намуда, қайд кард, ки ин аз зиёд шудани имконияти фаъолияти густурдаи БАТР дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Номбурда саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки БАТР бо бахши низоми бонкии кишвар дар ташкили машғулиятҳои бозомӯзӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки он барои пешрафти иқтисодии кишвар муҳим мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи оғози марҳилаи дуюми маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳавасмандии Бонки миллии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо БАТР мубодилаи афкор намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои судманд дар оянда омодагии хешро баён намуданд.

Зимни мулоқот директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж қаноатмандона иброз дошт, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гаштааст.

Мавсуф ҳамчунин аз ҳамкории мутақобилаи судманди бисёрсолаи  БАТР бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки БАТР бо истифода аз имконияти мавҷудаи худ дар амалӣ гардонидани ислоҳот дар бахшҳои суғурта ва низоми пардохт, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии рақамии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” муҳимияташ бештар гардид, кумакҳои техникӣ хоҳад расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *