Ташрифи 40 нафар донишманд ба шаҳри Хуҷанд

Адабиётшиносону шарқшиносони кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Ўзбекистон ва пойтахти кишвар, ки бо мақсади иштирок дар конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, бо донишҷӯёни бахши филологии донишгоҳҳои вилоят мулоқот анҷом доданд.

Дар ин мулоқот, ки дар Маркази фарҳанги Хуҷанд баргузор шуд, донишмандон оид ба равобити адабии кишварҳо сӯҳбат намуда, ба суолҳои донишҷӯёни макотиби олии вилоят посух гуфтанд.

Беш аз 40 нафар донишмандон, ховаршиносону пажуҳишгарони дохиливу хориҷӣ ҳамзамон аз калонтарин бозори мамлакат Панҷшанбе дидан карданд. Меҳмонон оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин ва Хоҷа Камоли Хуҷандиро низ зиёрат намуда, аз Осорхонаи вилоятӣ низ боздид намуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *