«Ташвиқ» ва ё «маҷбур» пӯшидани тоқӣ ҳатмӣ шуд

Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар чорчӯби маъракаи тарғиби либоси миллӣ пӯшидани тоқии ироқиро барои духтарони донишҷӯ ҳатмӣ кардаанд. Вале аксари донишҷӯён танҳо дар даромадгоҳи коллеҷ тоқиро ба сар карда, баробари хатми дарс ба ҷузвдон меандозанд вааз коллеҷ алакай бе тоқӣ берун меоянд.

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми омадан бар дарс, ба сар кардани тоқӣ ба донишҷӯдухтарони ин муаассиса ҳатмӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки баъди тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни танзим ва расму оин пӯшидани либоси миллӣ дар тую маъракаҳо ҳатмӣ шуд.

Мо дар назди дари коллеҷ шоҳиди он будем, ки масъулин сару либос ва тоқии донишҷӯдухтаронро ҳамарӯза назорат доранд. Касе наметавонист бидуни тоқӣ вориди коллеҷ шавад. Баъзе донишҷӯён дар назди дар тоқиро ба сар карда, иҷозаи ба дарс даромаданро мегирифтанд.

Аз амалҳои ҷавондухтарон равшан аст, ки аксарияти онҳо намехоҳанд тоқӣ ба сар кунанд. Ба коллеҷ бо тоқӣ медароянд ва аз онҷо бе тоқӣ мебароянд. Вақте мепусем, ки тоқии шумо куҷост?, мегӯянд, дар ҷувздонам.

Масъулони коллеҷи омӯзгорӣ аз шарҳи тасмими худ дар мавриди ҳатмӣ кардани пӯшидани тоқии ироқӣ барои духтарони донишҷӯ худдорӣ карданд. Вале қаблан мақомоти маорифи минтақа далели ҳатмӣ кардани пӯшидани тоқии ироқӣ дар мактабҳои миёнаи Хуҷандро «тарғибу ташвиқи либоси миллӣ» унвон карда буданд.

Як донишҷӯи ин коллеҷ бо шарти ифшо нагаштани номаш дар суҳбат ба сомонаи «Ахбор» гуфт, ки хеле мубориза бурд, то тоқиро ба сар накунад, чун аз ба сар кардани тоқии ироқӣ хушаш намеояд. Ин донишҷӯро бо таҳдиди ихроҷ аз коллеҷ тавонистанд дар ниҳоят тоқӣ пӯшонанд.

Ин донишҷӯдухтар дар идомаи суҳбаташ илова намуд, ки «шарт аст, ки ҳама якрангу яксон бошад? Дар ҷомеа ҳама гуногунфикр аст, аз ин хотир сарулибос пӯшидани мардум низ гуногун аст. Дар омӯзишгоҳ ё донишгоҳ муҳим сарулибос нест, муҳим дониш гирифтан, саводи ҷавононро боло бурдан аст. Дар даромадгоҳ истода фалонӣ ранги кофта ё юбкаи ту мувофиқ ба талаботи коллеҷ нест, либосатро муносиби талабот кун гуфтан донишҷӯро аз идомаи таҳсил дилмонда мекунад. Субҳ бедор мешавам тоқиро мебинаму аз саҳар бо асаби вайрон ба дарс меоям.»

Аз тарафи дигар, тавре мушоҳида кардем, донишҷӯён дар сар тоқии ироқӣ ва дар бар бошад кофта ва юбкаи бо тарзи аврупоӣ дӯхташуда пӯшидаанд, ки хандаовар мебошад.

Аксар донишҷӯён аз суҳбати руирост ва ифшои номашон худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки агар ин мавзӯъ аз номи онҳо расонаӣ шавад, ҳатман аз коллеҷ ихроҷ мешаванд.

Як донишҷӯи дигар, ки аз ноҳияи дурдаст ба таҳсил омадааст мегӯяд, дар кишвар дигар мушкилот нест магар, ки сарулибоси мардумро танзим мекунанд? Ё мушкилоти сарулибос ба мушкилии умдаи Тоҷикистон табдил ёфтааст? Оё танзими сарулибос метавонад ҷомеаро дигар созад ё иқтисодиёти кишварро пуриқтидор кунад?- савол мегузорад ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло дар бозорҳои Хуҷанд арзиши як тоқии ироқӣ 10-15 сомонӣ аст. Нигора, ном савдогар гуфт, ки талабот ба тоқии ироқӣ зиёд шудааст, аммо мо онро бо нархи арзон мефурӯшем, зеро аксари харидорон донишҷӯён ҳастанд.

Чанд сол пеш дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд барои хонандагон пӯшидани тоқии ироқиро ҳатмӣ карданд. То ҳанӯз дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд чунин талабот ҷорӣ нагаштааст, аммо пӯшидани либоси расмӣ дар донишгоҳҳо ҳатмӣ аст.

Дар солҳои соли охир дӯхтани курта аз матои атласу адрас дар Тоҷикистон хеле роиҷ шуд. Ин дар ҳолест, ки барои ҷилавгирӣ аз либосҳои мазҳабӣ ва бегонапарастӣ мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, то мардум бештар ба либоси миллӣ рӯ оранд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни танзимро нақзи озодиҳои шаҳрвандон арзёбӣ карда мегӯянд, ки Конститутсияи Тоҷикистон озодии шаҳрвандонашро, аз ҷумла дар интихоби либос кафолат медиҳад, аммо бар асари тағйироти ахир ҳангоми пӯшидани либосҳои бегона, бахусус сатру ҳиҷоб дар тӯю маъракаҳо соҳибони тӯё ва меҳмонони сатрбанд метавонанд муҷозот шаванд. Ҳоло даромадан бо сатр дар баъзе муассисаҳои давлатӣ комилан манъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *