Таъсиси консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия расман ба кор оғоз кард. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоти бо губернатори Петербург Георгий Полтавченко, консули Тоҷикистон дар ин шаҳр Давлаталӣ Назризодаро муаррифӣ намудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, бо мақомоти ин шаҳр рӯзи 16 март баргузор шуд. Дар ин мулоқот умедворӣ шудааст, ки таъсиси консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, барои ҳимояти беҳтари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа, кӯмак хоҳад кард.

Сафири Тоҷикистон ва губернатори Петербург дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дуҷониба, аз ҷумла табодули тиҷоратиро низ мавриди баҳс қарор додаанд. Тибқи иттилои манбаъ, мизони тиҷорат миёни Петербург ва Тоҷикистон дар соли 2016 ҳудуди 39 миллион доллар будааст.

Давлаталӣ Назризода (Давлат Назриев) ҳудуди як моҳ қабл консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петребурги Русия таъин шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон эълон кард, ки Давлаталӣ Назризода дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ дар шаҳри Новосибирск дар мақомҳои консули генералӣ кор хоҳанд кард. Давлаталӣ Назризода аз ин қабл мушовири сафорати Тоҷикистон дар Белорус буд. Ҳамин тариқ Тоҷикистон чаҳор консулгарии генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеринбург дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *